Қабули эътимоднома аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Қатар, Молдова, Ирландия, Португалия, Кипр, Чили, Уганда ва Зеландияи Нав https://t.co/v97UjaxEwP
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 9, 2023
Қабули эътимоднома аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Қатар, Молдова, Ирландия, Португалия, Кипр, Чили, Уганда ва Зеландияи Нав
09.03.2023 , шаҳри Душанбе
9 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.
Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Мануел Микаллер, Туркия Умут Аҷар, Давлати Қатар Муборак Абдураҳмон Муборак ал-Наср, Ҷумҳурии Молдова Лилиан Дарий, Ҷумҳурии Ирландия Брайан Макэлдафф, Португалия хонум Мария Мадалена Лобу Карвалю Фишер, Ҷумҳурии Кипр Кипрос Йоргалис, Ҷумҳурии Чилӣ Эдуардо Эскобар, Ҷумҳурии Уганда Муҳаммад Тезикуба Кисамбира ва Зеландияи Нав хонум Сари Мэри Уолш, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъин гардиданашон ба ин маснади сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фаъолияти самараноки онҳо омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳа байни кишварҳо хоҳад гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки давлати мо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо доираи васеи ҷомеаи олам ҳамкориҳои судманду баробарҳуқуқро дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба роҳ монда, пайгирона густариш медиҳад.
Сарвари давлат изҳори умед карданд, ки кишварҳои мо – бо такя ба ғояҳои волои умумибашарӣ – минбаъд низ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди худро боз ҳам тақвият бахшида, густариш хоҳанд дод.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Консепсияи сиёсати хориҷии худ ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва пешбурди ҳамкориҳои судманд бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Молдова, Ҷумҳурии Ирландия, Португалия, Ҷумҳурии Кипр, Ҷумҳурии Чили, Ҷумҳурии Уганда ва Зеландияи Нав андешаронӣ карданд.
Президенти мамлакат омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати бо иқдомҳои мушаххас ғанӣ гардонидани мазмуну муҳтавои муносибатҳои кишварҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, ки дорои зарфиятҳои зиёди ҳанӯз истифоданашуда мебошанд, таъкид намуданд.
Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обу иқлим изҳори сипос карда, бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуданд ва омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба дар иҷрои рисолати дипломатиашон иброз доштанд.
kaynak:http://www.president.tj/node/30160?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter
Қабули эътимоднома аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Қатар, Молдова, Ирландия, Португалия, Кипр, Чили, Уганда ва Зеландияи Нав https://t.co/v97UjaxEwP
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 9, 2023
Son Güncelleme: 09 Mart 2023 | Etiketler: Амрико, Давлати Қатар Муборак Абдураҳмон Муборак ал-Наср, дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Иёлоти, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ирландия, Кипр, Қабули эътимоднома аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қатар, Мануел Микаллер, Молдова, Муттаҳидаи, Португалия, Португалия хонум Мария Мадалена Лобу Карвалю Фишер, Президенти Точикистон Эмомали Рахмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Рахмон, Точикистон, тоҷикӣ, Туркия, Туркия Умут Аҷар, Уганда ва Зеландияи Нав, Чили, Ҷумҳурии Ирландия Брайан Макэлдафф, Ҷумҳурии Кипр Кипрос Йоргалис, Ҷумҳурии Молдова Лилиан Дарий, Ҷумҳурии Уганда Муҳаммад Тезикуба Кисамбира, Ҷумҳурии Чилӣ Эдуардо Эскобар, Эмомали, Эмомалӣ Раҳмон
«Молодая Гвардия Единой России» и «Концерн Калашников» заключили соглашение о сотрудничестве
Birleşik Rusya, Genç Muhafızlar ve Tüm Rusya Sambo Federasyonu, Tüm Rusya Sambo Turnuvası’nı düzenledi.
«Единая Россия», «Молодая Гвардия» и Всероссийская федерация самбо организовали Всероссийский турнир по самбо
TÜRK MİLLİ KUVVETLER VAKFI GENEL BAŞKANI DR. FATİH ŞİMGA`DAN 29 EKİM CUMHURİYET BAYRAMI MESAJI
BİRECİK BELEDİYE BAŞKANI MEHMET BEGİT `TEN 29 EKİM CUMHURİYET BAYRAMI MESAJI
«Единая Россия» добилась освобождения семей участников СВО от уплаты пошлины при обращении за назначением пенсии по потере кормильца