Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
Hatay °C
Profesyonel Emlak

Ифтитоҳи ҶДММ “Озода Косметикс” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ифтитоҳи ҶДММ “Озода Косметикс” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
REKLAM ALANI
01.04.2023
A+
A-

 

 

 

Ифтитоҳи ҶДММ “Озода Косметикс” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
01.04.2023 , ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Истиқлоли шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Озода Косметикс”-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст. Масоҳати умумии корхона 5 гектарро ташкил медиҳад.

Ба Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки хати нави технологияи муосир барои истеҳсоли собуни хушбӯйи мушкин ва хокаи ҷомашӯйӣ аз Ҳиндустон ворид гардида, васлу насб гардидааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти “Озода Косметикс” дорои ду хати истеҳсолӣ буда, тавассути технологияи пешрафта ашёи хом тайёр ва аз он собуни хушбӯйи мушкин ва хокаи либосшӯйи истеҳсол карда мешавад. Дар корхона истеҳсоли 48 намуд собуни хушбӯйи мушкин, зиёда аз 5 намуди собуни хоҷагӣ ва бештар аз 10 навъи хокаи либосшӯйӣ ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти тайёри дар корхона истеҳсолшаванда сифати хуб дошта, дар бозор рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот мебошад.

Корхона иқтидор дорад дар як сол бештар аз 25 ҳазор тонна собуни хушбӯйи мушкин истеҳсол намояд. Дар дохили мамлакат истеҳсол намудани собун ва хокаи либосшӯйӣ, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад аҳамияти иқтисодӣ дошта, омили муҳими таъмини бозори дохилӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ мебошад. Дар корхона дар як рӯз 20 тонна хокаи либосшӯйи хушсифат истеҳсол карда мешавад.

Ҷиҳати таъмини бехатарии маводи шустушӯйӣ ва сифатнокии маҳсулоти истеҳсолшаванда дар дохили корхона ташхисгоҳи муосир ташкил гардидааст. Ташхисгоҳ бо таҷҳизоти пешрафтаи санҷишӣ муҷаҳҳаз буда, мутахассисон маҳсулоти дар корхона истеҳсолшавандаро тавассути он санҷида, сифатнокӣ ва бехатарии онро дақиқ менамояд. Баъди гирифтани хулосаи мусбат аз ҷониби мутахассисони ташхисгоҳ барои истифода иҷозат дода мешавад. Собун ва хокаи либсошӯйии истеҳсолшаванда аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, ба саломатии инсон безарар мебошад. Ин яке аз талаботи асосӣ барои ракобатпазирии махсулот дониста мешавад. Дар бозори истеъмолӣ маҳсулоте рақобат пазир буда метавонад, ки дорои сифат ва ба саломатӣ бетаъмир бошад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Озода Косметикс” бештар аз 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки бештари онҳо бонувонанд. Маҳсулоте, ки дар корхона истеҳсол карда мешавад дар баробари таъмин намудани талаботи бозори дохилӣ ҳамзамон дар оянда содироти он ба хориҷи мамлакат ба роҳ монда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз раванди истеҳсолот иқдоми пешгирифтаи соҳибкорони маҳаллиро ҷиҳати бунёди корхонаи нави истеҳсолӣ қадами устувор дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ карданд ва масъулонро барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот вазифадор намуданд.

 

 

 

 

 

Дар асоси лоиҳа роҳбарияти корхона нақша доранд, ки дар оянда дар доираи “Солҳои рушди саноат” солҳои 2022-2026 бо ворид намудани технологияи пешрафта истеҳсоли моеъи зарфшӯйиро ба роҳ монда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корхонаи “Озода Косметикс” аз намоиши маҳсулоти саноатӣ диданд карданд. Дар шароити феълии ҷаҳони муосир бунёд ва муҷаҳҳаз гардондани корхонаҳои нави истеҳсолӣ имконият фароҳам меорад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш дода шуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад ва ба ин васила сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ин ҳам беҳтару хубтар гардад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва суҳбат таваҷҷӯҳи масъулони соҳаи саноати вилояти Суғдро ба масъалаи дар оянда бунёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ, истифода ва коркарди самараноки ашёи хоми ватанӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда ва таъсиси ҷойҳои кории нав ҷалб намуданд.

Шарикии давлат ба бахши хусусӣ, имтиёзҳо, пешниҳоди сабукиҳо, ки бо мақсади рушди соҳаи саноат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони ватанӣ пешбинӣ гардидааст, имкон фароҳам овард, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба беш аз 40 фоиз расонда шавад.

facebooktwitter

Kaynak:http://www.president.tj/node/30404?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

REKLAM ALANI
YORUMLAR

Henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu yukarıdaki form aracılığıyla siz yapabilirsiniz.