Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст!
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст!
Мардуми тоҷик аз қадимулайём миллати сулҳҷу, дастбахайр ва иттифоқу иттиҳод мебошад.
Дар ин рӯзҳои ба мардуми дӯсту бародарамон Туркия, ки дар натиҷаи офати табии зарари зиёди ҷонӣ ва молӣ дидааст мо тоҷикони Туркияро бетараф нагузошта, тасмим гирифтем дар ҳамкорӣ бо Сафорат ва Консулӣ аксияи “Кӯмак ба зарардидагон”-ро роҳандозӣ намоем.
Дар як вақти ниҳоят кӯтоҳ бо дастгирии Шумо шаҳрвандони азиз мо тавонистем лавозимоти зарурӣ барои зарардидагон ҷамъоварӣ намуда, ба Ташкилоти AFAD, ки масъули расонидани кӯмакҳо мебошад, расонем.
Бори дигар эҳсос кардем, ки тоҷикистониёни саросари олам бо ҳам иттифоқ буда, дар корҳои хайр ва созанда дар паҳлуи ҳамдигар мебошанд.
Қайд кардан зарур аст, ки бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон 50 нафар наҷотдиҳандагон аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва 25 тона кӯмак ба Ҷумҳурии Туркия фиристода шуд.
Ҷамъияти тоҷикон дар якҷоягӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба якчанд оилаи ниёзманди тоҷик, ки дар минтақаи заминларза осеб дидаанд кӯмаки худро расонид.
Зинда бод тифоқӣ, зинда бод Тоҷикистон.
————-